БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАРОИ СОЛИМИИ ҶОМЕА САЪЮ ТАЛОШ МЕВАРЗЕМ!

ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо  мақсади  пешгирии  бемории  сироятии  коронавирус    бо  усули  “хона  ба  хона”   мулоқоти  кормандон  ва  волонтёрони   Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик   дар   Маҳаллаи №3-и  Ҷамоати шаҳраки  Совет бо сокинон  баргузор гардид.

Зимни  вохӯрӣ   мудири  шуъбаи  кор  бо  ҷавонон  ва  занони  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик   Абдулманонов  Сорбон   иброз  дошт,  ки пешгирӣ  аз  табобат  беҳтар  буда,  бояд  кӯшиш  ба  харҷ  диҳем, ки гигенаи шахсӣ ва қоидаҳои беҳдоштиро дар хонадонамон қатъиян риоя намоем.   Сипас, мавсуф дар ин раванд моҳияти ҷалби  сокинон  ба зироаткорӣ,  корҳои хоҷагидорию кишоварзӣ   дар  ҳар  сотиқ  замин ва вусъат бахшидани корҳои бунёдкорию созандагӣ бахшида ба 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаронӣ карда, ҳамагонро ба амалҳои созанда раҳнамоӣ намуд.

Дар  анҷом   ба  иштирокчиён  варақаҳои иттилоотӣ  60  адад,  варақаҳои иттилоотӣ оид ба истифодаи  самараноки  заминҳои  кишоварзӣ 60  адад ва  маҳлулҳои антисептикӣ 20  дона  барои  пешгирии  бемории  сироятии  коронавирус  (COVID – 19)      тақсим карда шуд.

  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg