ПАНҶ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Сулҳ” ҷиҳати расонидани маълумот ба шаҳрвандон оид ба дуруст истифода бурдани ниқобҳои тиббӣ, маҳлулҳои безараргардонӣ, бе асос ва бе зарурат набаромадан аз хона аз ҷониби аъзои гурӯҳи тарғиботӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.
Дар суҳбат намояндагони ҳизбӣ қайд карданд, ки бо вуҷуди он, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин беморӣ рӯй ба коҳиш оварда истода бошад ҳам, мо шаҳрвандонро зарур аст нисбат ба саломатии худ бепарво набошем ва ба беаҳмиятӣ роҳ надиҳем. Чунки ягона роҳи наҷот аз ин бемории хавфнок ин риояи қоидаҳои беҳдоштӣ мебошад.
Сипас, ба сокинон муроҷиатнома, ниқобҳои тиббӣ тақсим карда шуда, аз ин амали нек изҳори сипос ва миннатдорӣ баён карданд.