БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РИОЯИ МАСОФАИ БАЙНИҲАМДИГАРӢ ҲАТМИСТ!

ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади пешгирии бемории коронавирус ва оқилона истифодабарии қитъаи замин дар Ҷамоати деҳоти Ваҳдат бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант бо усули “хона ба хона” вохӯрӣ доир гардид.

Масъулин ба сокинон ҷиҳати риояи қатъии гигиенаи шахсӣ, риояи масофаи байниҳамдигар, истифодаи ниқобҳои тиббӣ ҳангоми баромадан аз хона, мунтазам истифодаи маҳлулҳои антисептикӣ ва шустани дастон бо собун, бо истифода аз маводҳои махсуси безараргардонии манзили истиқоматӣ ва ҳавлиҳо тавсияву маслиҳатҳои муфид доданд.

Дар рафти чорабинӣ варақаҳои таблиғотии ҳизбӣ вобаста ба риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ба хотири пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус тақсим карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg