БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҒАМИ ШОИР МИЛЛАТУ ВАТАН БУД (дар сӯги Бозор Собир)

АНДЕША. Супориши қатъии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дипломатҳои баландҷойгоҳи Тоҷикистон, Фарҳод Салим ва Маҳмадамини Маҳмадамин дар мавриди парастории шоистаи шоири беҳамтои тоҷик Бозор Собир, ки дар бемористони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бистарӣ буд, бори дигар аз он гувоҳӣ медиҳад, ки Тоҷикистонро Худованд Пешвои донову хирадманд бахшидааст. Ва чун беҳтарин пизишкон натавонистанд дили шоирро дармон бибахшанд ва акнун ки шоир ба ҳазорсолагон пайвастааст, бо супориши дигари Ҷаноби Олӣ бояд пайкари орамидаи шоирро бозоварда ба синаи Модари аз модар болотараш – Тоҷикистони муқаддас ҷой диҳанд, ки низ нишонгари гувоҳест, аз доштани Сарвари баномус, ки намегузорад мазори нобиғаҳояш дар замини ноошно ҷойгоҳ дошта бошад. Чанд сол пеш бо супориши Ҷаноби Олӣ пайкари нобиғаи дигари адабиёт, сухансарои қаҳрамонони тоҷик устод Сотим Улуғзода аз Маскав бозоварда шуда, ба хокдони пойтахти кишвар супорида шуда буд. Бояд донист, ки на ҳама роҳбарони пешинаи тоҷикон чунин нерӯ ва ҳавсалаи баланд ва ғуруру номуси миллӣ доштанд. Ҳамон гуна ки касе аз мо намедонем устод Лоҳутӣ ҳангоми ба лаб овардани суханони вопасин дар бемористони Маскав, чӣ гуфта буд. Забони Лоҳутӣ ба хонуми пизишкёри рус ошно набуд ва ба пиндори бархеҳо, Лоҳутӣ мехост бигӯяд, ки «пайкарамро ба Тоҷикистон бибаред».

Барои бозовардани пайкари Бозор Собир ба ватан дипломатҳои тоҷикро душвории сангине дар пеш аст; шоир шаҳрвандии ИМА-ро пазируфта буд ва он давлат ҷанозаи шаҳрвандашро бо осонӣ ба кишвари дигар нахоҳад дод.

Ба пиндори мо Бозор Собир шоирест, ки пас аз Фирдавсиву Носири Хусрав беҳтарин шеърро дар васфи Меҳан ва забони тоҷикӣ сурудааст ва дар замони шӯравӣ навиштаҳои ӯ дар бедорсозии шуури мардум ва рў овардан ба худогоҳии миллӣ нақши шоёне бозидаанд. Ба ин баландии шеъри Бозор Собир на ҳама шоирони замон расида буданд ва ҳанӯз ҳам на ҳама арзиши беҳамтои сурудаҳои ӯро пай бурдаанд. Бозор Собир замони пошхӯрии Ҳукумати Шӯравӣ гумон дошт аз роҳи муқовимат метавон ба озодии мутлақи Тоҷикистон расид. Ӯ ва чанд тан аз ҳамтоёнаш дар ибтидо бедарак аз ҳадафҳои мутаассибони иртиҷоъӣ, ки дар атрофи созмони террористии ҲНИТ гирд омада буданд, гумон доштанд бо роҳи интихоб кардаашон ҷомеаро аз вартаи буҳрони сахти сиёсӣ метавон берун бароваранд. Ончуноне шунида будем чанде дар Эрон зист ва аз он ҷо ба ИМА муҳоҷират кард. Аммо на Эрон, на кишвари сармоясолори ҷаҳон, ИМА натавонистанд биҳишти ӯ – Тоҷикистонро иваз кунанд. Шоири нозукхаёлу жарфнигар сардиҳои таассуби исломгароӣ ва демократияи беодобонаи амрикоиро бо чашми бинои худ нигариста, аз дамдамаҳои он кишварҳо безор, бо эҳсоси пушаймонӣ аз ҳамсафиҳои худ дар паҳлӯи таассубгароён, ба Ватан баргашт. Ӯ фитнаҳои Ташкилоти экстремистиву террористии ҲНИТ ва фирефта шудани ҷавонон ва аз паёмади он ҳалок шудани 160 000 тоҷик, ятим гаштани ҳазорҳо нафар кӯдакон, гуреза шудани миллионҳо нафар бошандагони осоиштаро пеши рӯ оварда, ҳушдор медод, ки ҷавонон ба доми гурӯҳҳои ифротӣ гирифтор нашаванд. Аз ин рӯ ба пурсиши рӯзноманигорони тоҷик посухҳои дурушту хашин медод, ки боиси озурдашавии иддае аз ҳамдиёрон гашта буд. Яке аз гуфтумонҳои ӯро бо рӯзноманигор пеши рӯ меоварем, ки аз хондани он шумори зиёди ҳамдиёрон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба сӯи шоир санги бетамизӣ (ибораи Нодири Нодирпур) андохта буданд.

Чунончи Бозор Собир дар он рӯзҳо гуфтааст: Имрӯз ҳама динзада шудаанд. Нависандаву шоир ҳам аз дин менависад ва олим ҳам аз дин чақ-чақ мекунад. Ман инро мебинаму ваҳшатзада мешавам. Артист ва шоири халқӣ меравад ҳаҷ, олим меравад масҷид. Ман инро мебинаму мегӯям, охир ин фоҷиаест, ки саросари Тоҷикистонро фаро гирифтааст. Олим, профессор меравад масҷид, о ин яъне чӣ? Инҳо баъд зиёӣ ҳастанд? На, инҳо пас ҳичӣ нестанд.

Ба пурсиши рӯзноманигор ба гунаи «Шоирон имрӯз бояд чӣ нависанд?», ӯ чунин посух дода буд:

Шоирон дин менависанд. Духтарчааш ҳам дин менависад, муйсафедаш ҳам аз дин менависад. Ҳама динсароӣ мекунанд. Ман дигар чизе дар онҳо намебинам. Ҳоло идеали онҳо дин аст.

Ҳазору панҷсад сол ҳама динсароӣ буд. Аз Кашмир то Бағдод куҷое, ки шоиру қаландару дарвешу суфӣ буд, ҳама динсароӣ мекард. Ва боз дубора ба ҳамин мурдарег баргаштан чӣ аст? Камоли ҷаҳолат аст!

Бозор Собир дар бозомадан ба Ватан ва пазироии ниҳоят гарму самимии Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ин ҳама дастовардҳо ва пешравиҳои Ватан ба ваҷд омада гуфта буд, ки «тоҷикон бояд бо сипосгузорӣ дар пайи ватансозӣ бошанд ва ба иғвову дасисаҳои миллаткуши хоинону асолатбохтагон дода нашаванд».

Инҷониб ҳанӯз чордаҳ сол пеш дар мақолаҳои худ хоста будам ситезиданҳо ва таҳқирҳои бархе ҳамдиёронро ки қадри ин чеҳраи ворастаи адабиётро намедонистанд, ҷавоб нависам, гарчи медонистам, ки бахши зиёде аз эшон аз хоки дингароёни мутаассибе бархостаанд, ки ҳанӯз садсолаҳо пеш Фирадвсиву Ибни Сино ва Ҳофизу Хайёмро «рофизӣ», «қарматӣ» номида, такфирашон карда буданд.

Навиштори инҷониб «Тоҷикистон ашки шоирро намепазирад», «Ғами шоир миллату ватан аст», «Ашки шоир» унвон доштанд ва дар яке аз онҳо навишта будам:

«Набояд аз ёд бурд, ки инсони шоир ҳассосияти вижа дорад ва ҳамчун сарояндаи дардҳои миллат гоҳе бо навозиш, меҳр шодӣ сухан мегӯяд ва гаҳе бо хашмҳои осиёна мушт сӯи осмон мебарад ва баъзан ба коинот (фалак) ришханду истеҳзо мезанад. Касоне, ки эҷодиёти Бозор Собирро пурра мутолиа кардаанд, нек огаҳанд, ки ӯ шеъри маснуъӣ ва қарордодӣ наменавишт. Яке аз шоирони нахустин буд, ки дар бораи пайкараи афгори қавми худ, нигаҳдории ҳуввияти миллӣ, худогоҳии тоҷикон (мисли Расул Ҳамзатови доғистонӣ) бидуни эҳтиёткориҳои хоси дигарон, сатрҳои дарднок навиштааст.

Ин нуктаро мехоҳам ёдовар шавам, ки ба забони тоҷикӣ шеър гуфтан осон аст, зеро, ки ин забон худаш шеър аст. Вале шеъри асил, каломи манзуми ноб гуфтан хеле душвор аст, чунки ба ин забон ҳазорҳо сухандонон сухангустарӣ кардаанд. Ба ҳамин далел шоир онеро мегӯянд, ки гуфтаҳои ин ҳазоронро ба такрор нагуфта бошад. Бозор Собир ба силсилаи шоирони бикргуфтору тозаандеш шомил аст. Ҳанӯз 20-30 сол пеш дар зикру фикри ин қавм бо шӯру меҳр, фарёду фиғон, нафрину нолаву навҳа, агар ин тавр гуфтан ҷоиз бошад, шеъри миллӣ гуфтааст. Ба пиндори инҷониб беҳтар аз Бозор Собир касе бахшида ба ин Ватану ин қавм сухани ноб нагуфтааст. («Тоҷикистон», «Бухоро», «Туро ҳамчун Бухоро дӯст медорам»), Исмоили Сомонӣ («Девори Бухоро»), дар бораи Хӯҷанду хӯҷандиҳо, кӯлобиҳо, самарқандиву бухориҳо (Ғазои Восеъ», «Барои Турсун Акбар», «Барои Лоиқ», «Ба Раҳим Ҳошим», «Дар ёдбуди Муҳаммадҷони Раҳимӣ», «Ёдат ба хайр Муаззама»,) суғдиҳо («Чашми кабуди суғдӣ»), Эрон («Наврӯзи Эрон», забони тоҷикӣ («Забони модарӣ»).

Ба нигар мерасад мисли Бозор Собир танҳо Лоиқ тавониста буд, ки дилҳои мо донишҷӯёни он солҳоро барои гиромидошти забонамон, миллатамон, кишварамон ба таппиш оварад. Бозор Собир, агар хешро ба осмонҳо ҳам бухор кунад, аз Тоҷикистон ҷудо буда наметавонад».

Дар навиштори дигари худ хоста будам, ки ҳамдиёрон ба дарди дили шоир дарбираванд: «Банда бар онам, ки Бозор Собир бо дили саршори меҳри Тоҷикистон намебоист ба кӯрароҳи ҳизббозиҳо гом биниҳад. Баъдҳо ҳама дарёфтанд, ки муқовиматҳову даргириҳои кишвари мо зери шиори озодӣ дар гирдоби бунёдсозии ҷумҳурии исломӣ реша доштаст. Русҳо ва узбекҳо аз бими густариши ҳаракати озодихоҳии Тоҷикистон ба Тотористону Бошқирдистону ҷумҳуриҳои худмухтори Қафқоз ва Самарқанду Бухорову Фарғона вокуниши шадиде нишон додаанд. Меҳанпарастону миллатпарастоне чун Бозор Собир ва даҳҳо ҳамтоёни эҳсосотии онҳо дере нагузашт фаҳмиданд, ки нӯги ин ришта дар дасти шайхони араб ва мазҳабгароёни кишварҳои дигар буда, миллат ва демократия барои ин тоифа асолатбохтагон шиоре беш набудааст. Аммо дигар хуни тоҷик аз саводи рӯи асфалт ба ҷӯйҳо ҷорӣ шуда буд. Бозор Собир дарк намекард, ки танхо се-чор шеъри пурэҳсоси дар мавзӯи худнигарии миллати тоҷик навиштааш, ба истилоҳи шоири бузург Сиёвуши Касроӣ, «Кори садҳо садҳазорон теғаи шамшер»-ро ба анҷом расонидааст. Ва дар ин шеърҳо ба гумонам беҳтарин сухан дар мавриди забони тоҷикӣ ва миллати тоҷик гуфта шудааст, ки ҳатто онро суруди миллӣ низ гуморидаанд:

Қомати кӯтоҳи манғит,

Аз манори каллаи аҳли Хуросон шуд баланд.

Пастии саҳрои Қипчоқ

Аз баландии Бадахшон шуд баланд.

Ё:

Дар ҳаду сарҳадшиносии ҷаҳон,

Сарҳади тоҷик забони тоҷик аст.

То забон дорад ватандор аст ӯ,

То забондор аст бисёр аст ӯ».   

Инак, устод Бозор Собир ногуфтаҳояшро дар бозгашти охир ба Ватан гуфт. Ба гумони мо солҳо буд, ки мехост ба дидори Сарвари кишвар расида бигӯяд: «Шумо ба унвони Қаҳрамони Тоҷикистон ва Пешвои миллат ҳазор бор арзандаю сазовор мебошед.» (Бозоварда аз гуфтаи Бозор Собир)

Имрӯз Миллат бо Пешвои хеш интизорӣ мекашанд, то ба бори ахир нозбардори шоири ватансарояш бошанд. Нози вопасини шоир хеле осон аст; дар синаи пурмеҳри Ватан хобидан. Аммо анҷом додани ин кори осону сода баҳри шоири шӯридаву нороме, бо табъи саркашу дарёие ҳатман душвор хоҳад буд.

Дар сӯги устоди Меҳанпарасту Меҳансаро Бозор Собир шеър хоҳем хонд, шеъре аз девони моломоли дарди ватандорӣ.

Зафар Мирзоён, ховаршинос

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg