БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БЕ НИҚОБИ ТИББӢ ГАШТУГУЗОР ҚАТЪИЯН МАНЪ АСТ

КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дирӯз  бо ташаббуси волонтёрон, кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён ва шуъбаи вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳия чорабинии мақсаднок ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавируси навъи COVID-19 дар майдони  Исмоили Сомонӣ воқеъ дар Ҷамоати шаҳраки Исмоили Сомонӣ ва кӯчаи ба номи Ибни Сино  гузаронида шуд.

Масъулин дар рафти чорабинӣ  барои бештар маълумот доштани мардум маводҳои таблиғотӣ ба сокинон дастрас намуда, инчунин аз сокинон даъват ба амал оварданд, ки ҳангоми баромадан аз хона ҳатман аз ниқобҳои тиббӣ истифода кунанд. Илова бар ин масъулин зимни  чорабиниҳои мақсаднок ба аҳолӣ оид ба  пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятӣ маълумоти муфассал доданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg