БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЗАМИН МАНБАИ ДАРОМАД АСТ

ВОСЕЪ. Дар доираи соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастур ва ҳидоятҳои Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ибрати Ҷамоати деҳоти Тугараки ноҳияи Восеъ  кишоварзон заминро самаранок истифода намуда, кишти такрориро гузарониданд. Ҳангоми вохӯрии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ бо кишоварзони деҳаи мазкур барои захираи маҳсулоти хӯрокворӣ таъкид намуда, дастур доданд, ки меваҳоро хушк намуда, барои оянда нигоҳ доранд.

Бояд қайд намуд, ки  масъулин ҳар рӯз бо шаҳрвандон суҳбат гузаронида, ба онҳо дастур ва супоришҳои Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро оид ба самаранок истифодабарии замин, захираи дусолаи маҳсулоти хӯроквориро расонида, ба онҳо варақаҳои иттилоотӣ медиҳанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg