БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АСОСИ ЗАХИРАИ МАҲСУЛОТИ ХӮРОКВОРӢ АЗ САМАРАНОК ИСТИФОДАБАРИИ ЗАМИН АСТ

ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии ноҳияи Восеъ дар деҳаи Сулҳободи Ҷамоати  деҳоти Тугарак бо мақсади пешгирии бемории коронавирус ва истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ бо усули “хона ба хона” мулоқоту суҳбатҳо доир гардид.

Масъулин аз сокинони деҳа даъват ба амал оварданд, ки гигиенаи шахсиро риоя намуда, дар ҷойҳои серодам гаштугузор нанамоянд ва аз хонаҳояшон набароянд. Моро лозим аст, ки тавсияҳои мутахассисони соҳаи тандурустиро риоя карда, саломатии худ ва наздиконамонро ҳифз намоем.

Инчунин, дар бораи мақсаднок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ ва гирифтани ду-се ҳосил аз он, ки яке аз вазифаҳои асосие мебошад, ки давлату ҳукумати кишвар дар назди сокинони мамлакат бо мақсади таъмини амнияти озуқаворӣ гузоштааст, мо бояд ҳар ваҷаб қитъаҳои заминро бо заҳмату меҳнати софдилона маҳсулоти кишоварзӣ кишт намоем.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg