БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИСТИФОДАИ НИҚОБ ДАР ҶОЙҲОИ ҶАМЪИЯТӢ ҲАТМИСТ

ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади ба мардум фаҳмонидани хатару оқибатҳои бемории коронавирус намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар ташкилоти ибтидоии «Ҷамъияти матлубот»-и деҳаи Меҳнатободи Ҷамоати деҳоти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ чорабинии ҳизбӣ доир гардид.

Дар суҳбат масъулини ҳизбӣ, аз шаҳрвандон даъват ба амал оварданд, ки қоидаҳои беҳдоштиро риоя карда, пӯшидани ниқобҳои тиббӣ, шустани дастон бо собун ва дигар қоидаҳои гигиенаи шахсиро  қатъиян риоя намоянд. Шахсоне, ки сулфа доранд, ва ҳарорати баданашон баланд бошад ба берун набароянд ва ба табибони минтақавӣ муроҷиат кунанд. Ҳамчунин, дар рафти вохӯриҳо, ба сокиноне, ки бе ниқоби муҳофизатӣ гаштугузор мекарданд, ниқобҳои муҳофизатӣ ва маводҳои таблиғотиро  дастрас карданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg