БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАҚСАДНОК ИСТИФОДА БУРДАНИ ЗАМИН БА МАНФИАТИ МОСТ!

БОХТАР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати  самаранок истифода бурдани замин ва гирифтани ду-се ҳосил аз замин бо супориши бевоситаи раиси шаҳри Бохтар Саломзода Сиҷоуддин раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар  Иброҳимзода Неъматулло  дар маҳаллаи Зарбдор бо рафти истифодаи заминҳои шинос шуд.

Зимни шиносоӣ аз заминҳои наздиҳавлигии сокинони маҳалла гуфта шуд, ки сокинони маҳаллаи мазкур заминҳои дар ихтиёрдоштаашонро самаранок истифода намуда, аз як замин чанд ҳосил ба даст овардаанд. Зимнан ҳосили якумро аллакай ҷамъоварӣ карда, ба ҷойи онҳо кишти такрорӣ гузаронидаанд, ки имрӯз нашъунамои хуб доранд.

Зимни суҳбат Иброҳимзода Неъматулло таъкид дошт, ки заминҳои дар ихтиёрдоштаашонро самаранок истифода бурда, аз он гирифтани ҳосили фаровон вазифаи ҳар як шаҳрванди бонангу номуси кишвар мебошад. Ба ин васила мо метавонем, дар таъмини фаровонии бозор ва паст намудани нарху навои маҳсулот метавонад мусоидат намояд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg