БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПЕШГИРӢ АЗ ТАБОБАТ БЕҲТАР АСТ!

Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар кӯчаю хонаҳои истиқоматӣ Аксияи тарғиботӣ бо усули “хона ба хона” доир ба пешгирии бемории сироятии коронавирус ва истифодаи самараноки замин  ташкил карда шуд.

Ҳадаф аз баргузории ин чорабинӣ пешгирӣ аз паҳншавии коронавируси навъи COVID - 19 буда, аз ҷониби намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ вобаста ба масъалаҳои  болозикр  андешаронӣ карда шуда, ба аҳолӣ наздики 200 адад варақаҳои иттилоотӣ дастрас карда шуданд. Зимни  баромад масъулин қайд карданд, ки  ҳар як шахсро зарур аст, то ба ҳар гуна овозаҳои беасосу бардурӯғ бовар накарда, барои пешгирии ҳама гуна бемориҳои сироятӣ ба гигиенаи шахсӣ ва тозагии маҳал ҷиддӣ муносибат кунад.  Инчунин, дар идома тавсия дода шуд, ки ҳангоми баланд шудани ҳарорати бадан, дарди гулӯ, мушкилии нафаскашӣ ва ё дигар нишонаҳои бемории зуком ба худмуолиҷакунӣ роҳ надода, ҳатман ба духтурони оилавӣ муроҷиат намоянд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg