БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ташаккули афкору маънавиёти ҷомеа масъул аст

А.ҶОМӢ. Санаи 8.05.2018 бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ  дар ростои Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва Соли тақвияти робитаи ҲХДТ бо маҳал семинар-машварати ҳизбӣ баргузор гардид.

Дар кори семинар машварат раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ, раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Баҳодурзода Абдуҷаббор Саттор, кормандони дастгоҳи Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва раисони ҳамаи шаҳру навоҳии вилоят иштирок намуданд. Ҳамзамон, дар ин чорабинӣ ба ҳайси меҳмони фахрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор, раиси Шӯрои ҷанговарони башардӯсти Ҷумҳурии Тоҷикистон Аловуддинов Фаррух иштирок варзид.

Дар қисмати амалии семинар-машварат нахуст иштирокчиён аз деҳаи Якатути ҷамоати деҳоти Якатут дидан намуда, бо корҳои хонагӣ, ҳунарҳои дастӣ ва маҳсули деҳқонии сокинони ин маҳалла шинос шуданд. Зимнан, бо сокинони деҳа суҳбати самимӣ доир гардида, Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Якатут” таъсис дода шуд.

Дар идома иштирокчиёни чорабинӣ бар пояи ҳайкали “Аскари номаълум” гул гузошта, ба 7 нафар меҳтарони ҷангу меҳнат ба маблағи 7000 сомнӣ туҳфаҳои пулӣ супориданд.

Дар доираи ин чорабинӣ дар майдони марказии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ туйи домодиву арӯсии 8 ҷуфт навхонадорон баргузор гардида, ҳамзамон аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” ҳунарҳои дастии худро ба намоиш гузоштанд.  Дар ҳамин равиш ба 12 нафар гирандагони стипендия ҲХДТ барои дониши аъло ва иштироки фаъол дар корҳои ҷамъиятӣ маблағи 1100 сомонӣ тақдим гардид.

Қисмати расмии Семинар-машварат дар толори Шӯъбаи фарҳанги ноҳия баргузор гардид, ки дар рафти он раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ, раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Баҳодурзода Абдуҷаббор Саттор ва ҷавонон – аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ суханронӣ намуданд. Дар рафти қисмати расмии семинар-машварат ба як қатор фаъолони ҳизб туҳфаву ифтихорномаҳои ҳизбӣ супорида шуд. Ҳамчунин, аз ҷониби раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор, раиси Иттифоқи ҷанговарони башардӯсти Ҷумҳурии Тоҷикистон Аловуддинов Фаррух ба раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, ҳамчунин раиси ТҶҶ “Созандагони Ватан” Раҳмонзода Абдулло барои пешбурди корҳои назаррас дар самти тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон медали ҷашнии “Рӯзи муҳофизони Ватан” тақдим гардид. Дар поёни қисмати расмии семинар-машварат аз тарафи ҳунармандони  Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Фарҳангчиён” барномаи пурмуҳтавои консертӣ бо фарогирии оҳангу сурудҳои ватандӯстона намоиш дода шуд

Иштирокчиён дар доираи амалишаваии ҷадвали вохӯриву мулоқот дар маҳалҳо бо сокинони маҳаллаи Крупскаяи ҷамоати шаҳраки А. Ҷомӣ вохӯрӣ намуданд. Сокинон ба истиқболи меҳмонон ҳунарҳои мардумӣ, анвои хурокҳои миллӣ, корҳои хонагӣ ва варзиши миллиро таҳия намуда, ба намоиш гузоштанд. Дар рафти вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Раҳмонзода Абдулло оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, вазифаҳои аҳли ҷомеа дар татбиқи сиёсати давлатӣ ва аҳамияту моҳияти таъсиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар маҳал суханронӣ намуд. Дар охир дар маҳаллаи мазкур ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ бо номи “Мирзо Турсунзода” таъсис дода шуд.

Бояд гуфт, ташкили чунин семинар-машваратҳо дар дигар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон низ дар назар дошта шудааст.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg