АНДЕША. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди худ чор ҳадафи стратегӣ гузоштааст, ки амалӣ намудани онҳо Тоҷикистонро ба як давлати рӯ ба тараққӣ табдил медиҳад. Боиси қаноатмандист, ки се ҳадафи ба миёнгузошташуда -расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, раҳоии мамлакат аз бумбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ дар ҳолати иҷро қарор доранд. Дар асоси сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба чор тарафи дунё роҳҳои ба талаботи ҷаҳонӣ ҷавобгӯй сохта ба истифода дода шуд. Сохтмони чандин нерӯгоҳҳо ҷумҳуриро аз камчинии барқ раҳоӣ бахшида, дар таъмини амнияти озуқаворӣ низ қадамҳои устувор гузошта шуд.
Пешвои миллат дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳадафи чорум – саноатикунонии босуръати кишварро ба миён гузоштанд. Мавриди зикр аст, ки дар баробари дигар иқдомҳои пешгирифтаи роҳбаряти кишвар, саноатикунонии мамлакат аз масъалаҳои хеле муҳим маҳсуб меёбад, ки дар ҳаёт татбиқ намудани он донишу малакаи бузурги фикрию амалии ҷомеаро талаб менамояд. Бинобар ин Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2020 – 2040 - ро дар ҷумҳурӣ “Бистсолагии омӯзиш, рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқу риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон намуд.
Рушд бахшидан ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, риёзиёт, фанновариҳо, кор бо технологияю таҷҳизоти муосир кафолати расидан ба ин ҳадафҳои стратегӣ маҳсуб меёбад. Дар сурати амалӣ гардидан ҳадафи чорум мушкилоти рақами яки мамлакат – таъмини аҳолӣ ба ҷойи кор роҳи ҳалли худро ёфта, Тоҷикистон аз кишвари воридкунанда ба содиркунандаи маҳсулот табдил меёбад. Хушбахтона, ба истиқболи 30 -Истиқлолияти давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ховалинг ҳам чандин корхонаҳои хурду бузурги истеҳсолӣ сохта ба истифода дода мешаванд. Алакай корхонаҳои истеҳсоли макарон ва коркарди шир ба фаъолият шурӯъ намуданд. Дур нест, ки бо сохта ба истифода додани чунин корхонаҳо, ки ба нақша гирифта шудаанд, сокинони диёр бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин карда мешаванд.
Азизулло Муродов, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ховалинг аз ҳавзаи интихоботии № 21