Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади таъмини пешгирии хатари бемории коронавирус ва ҳифзи саломатии шаҳрвандон гурӯҳи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав дар деҳаи Наврӯзи Ҷамоати деҳоти Фирӯза корҳои фаҳмондадиҳӣ ва омилҳои пешгирикунандаи бемориро тибқи ахбори расмии сомонаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ миёни сокинон ба роҳ монданд.
Гурӯҳи корӣ бо усули «хона ба хона» ва дар саҳро вохӯриҳо баргузор намуда, таъкид карданд, ки қоидаҳои беҳдоштиро дар хонадонашон нигоҳ доранд ва барои иҷро варақаҳои тавсиявии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва Муроҷиатномаи ҲХДТ -ро тақсим намуданд. Ёдовар шуданд, ки бештар ба гигиенаи шахсӣ риоя намуда, аз иштирок дар ҷойҳои серодам худдорӣ намоянд ва ба ҳар гуна овозаҳои бардурӯғ бовар накунанд.