Н.ХУСРАВ. дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Пешгирӣ аз бемории короновирус вазифаи ҳар як фарди ҷомеа ба ҳисоб меравад. Ҷиҳати пешгирии хатари бемории коронавирус гурӯҳи кории Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Носири Хусрав корҳои фаҳмондадиҳӣ ва омилҳои пешгирикунандаи беморӣ суҳбату вохӯриҳо бо сокинон бо усули «хона ба хона» ва дар саҳро бо саҳмдорони хоҷагиҳои деҳқонӣ баргузор намуда истодаанд.
Ин навбат гурӯҳи корӣ бо сокинони маҳаллаҳои ба номи Мамашукур ва Дӯстии Ҷамоати деҳоти Фирӯзаи ноҳияи Носири Хусрав бо мақсади огоҳ намудани сокинон аз коронавирус бо усули “хона ба хона” Аксияи ҳизбӣ баргузор намуда, таъкид карданд, ки қоидаҳои беҳдоштиро дар хонадонашон нигоҳ доранд ва бе ниқоб дар кӯчаҳо гаштугузор накунанд. Сипас, ба онҳо маводҳои таблиғотӣ, маҳлулҳои хлордор дастрас карда шуданд.