
ХУРОСОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Хуросон дар деҳаи Гулрез бо усули «хона ба хона» оид ба истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, президентӣ, хоҷагиҳои фермерию деҳқонӣ ва риояи қоидаҳои гигиенӣ барои пешгирии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла коронавирус чорабинии ҳизбӣ баргузор гардид.
Дар рафти корҳои тарғиботӣ масъулин ба сокинон барои боз ҳам хубтар ба роҳ мондани корҳои хоҷагидорию кишоварзӣ, яъне кишти такрорӣ дар заминҳои дарихтиёрдошта ва пешгирии бемориҳои сироятӣ тавсияву пешниҳодҳоро манзур карданд ва дар рафти вохӯрӣ ба аҳолӣ муроҷиатномаи ҳизбӣ ва тавсияномаҳо тақсим карда шуд.