ХУРОСОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо усули “хона ба хона” бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Хуросон дар деҳаи ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ доир ба пешгирии сокинон аз бемории сироятии коронавирус ва истифодаи самараноки замин бо мақсади таъмини амнияти озуқаворӣ корҳои тарғиботӣ гузаронида шуд.
Дар чорабинии мазкур масъулин вобаста ба масъалаҳои болозикр фикру андешаҳои хешро баён дошта, аз ҳамагон ҷиҳати ҳифзи солимии ҷомеа ва ба роҳ мондани корҳои хоҷагидорию кишоварзӣ, аз ҷумла кишти такрорӣ ба хотири ҷамъоварии ҳосили фаровон даъват ба амал оварданд. Дар охир ба сокинон барои пешгирӣ аз ин бемории хатарнок варақаҳои таблиғотӣ дастрас карда шуда, бори дигар таъкид гардиданд, ки дар зиндагонии ҳаррӯзаашон қоидаҳои беҳдоштиро риоя намоянд ва бе ниқобҳои тиббӣ ба кӯча набароянд.