БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БЕПАРВО БУДАН ҲОЛО БАРВАҚТ АСТ

ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо паст шудани шиддати бемории Ковид -19  аксар одамон  талаботҳои гигиенаи шахсӣ ва ҷамъиятиро риоя накарда, дар кӯчаю бозор ва дигар ҷойҳои серодам бепарвоёна гаштугузор менамоянд.  Онҳо баъди бурдани корҳои зиёди фаҳмондадиҳӣ дарк накардаанд, ки як нафар одами ба ин беморӣ гирифторшуда метавонад боиси  аз нав паҳншавӣ ва сироятёбии мардум  мегардад.

Дар ин хусус кормандони масъули  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг  барои пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус  бо усули “хона ба хона”  бо бошандагони  деҳаи Доробии болои Ҷамоати деҳоти Ҷомбахт маҳз дар масъалаи  бетаваҷҷуҳии мардум ҷиҳати ҳифзи саломатии худ ва дигарон аз ин бемории хавфнок суҳбат доир намуданд. Дар суҳбатҳо ба иштирокдорон фаҳмонида шуд, ки бемории Ковид -19  дар ҷумҳурӣ пурра аз байн нарафтааст. Ҳоло ҳам гирифторшавӣ ба ин беморӣ дида мешавад. Аз ин  рӯ, мардум набояд бепарво бошанд. Зеро он метавонад боз шиддат ёбад. Бинобар ин ҳар як шахсро мебояд, ки талаботҳои беҳдоштии шахсӣ ва ҷамъиятиро қатъиян  риоя намуда, ба  паҳншавии он роҳ надиҳад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg