
ФАРХОР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Мақомоти болоии ҳизб кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар ҳудуди Ҷамоати 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон корҳои фаҳмонидадиҳиро оид ба пешгирии паҳншавии бемории коронавирус ва самаранок истифодабарии заминҳои наҳдиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ, инчунин дуруст ба роҳ мондани корҳои ободонӣ бахшида ба истиқболи сазовори ҷашни 30 -солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Аксияи ҳизбӣ бо усули «хона ба хона» ба роҳ монданд.
Инчунин, ба онҳо маводҳои безараргардонӣ, ниқобҳои муҳофизатӣ ва варақаҳои таблиғотӣ тақсим намуда, доир ба самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳи деҳқонӣ низ баъзе тавсияҳо дода шуд.