ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар толори Қасри фарҳанги ноҳияи Темурмалик маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик баргузор гардид ва дар ҷараёни маҷлис ҳисоботи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ ва вазифаҳо барои минбаъда, обуна ба нашрияҳои ҳизбии “Минбари халқ” ва “Ҳамрози халқ” барои соли 2021, тасдиқи протоколҳои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ вобаста ба ҳаракати аъзои ҲХДТ дар семоҳаи дуюми соли 2020 ва дигар масъалаҳои муҳим мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Дар маҷлиси мазкур мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Темурмалик иштирок ва баромад намуд.
Маҷлиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик дар сатҳи баланди сиёсиву ташкилӣ баргузор гардида, вобаста ба масъалаҳои пешниҳодгардида қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.