БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ГИГИЕНАИ ШАХСИРО БОЯД РИОЯ НАМОЕМ!

ПАНҶ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии Ҷамоати шаҳраки Панҷ корҳои фаҳмондадиҳиро оид ба пурзӯр намудани чораҳои пешгирии бемории сироятии «COVID – 19» идома дода, оид ба риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, бахусус риоя кардани масофаи байниҳамдигарӣ, самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ, кишти саривақтии зироатҳои кишоварзӣ, бе зарурат набаромадан аз ҷойи зист суҳбат карда, таъкид намуданд, ки тез-тез шӯстани дастон, пӯшидани ниқоби тиббӣ, худдорӣ кардан аз нӯшидани нушокиҳои хунук аз  талаботҳои пешгирӣ аз сироятёбии ин беморӣ мебошанд.  Сипас, ба сокинон вобаста ба масъалаҳои мазкур варақаҳои  иттилооть ва ниқобҳои тиббиро дастрас карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg