БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПЕШГИРӢ РОҲИ АСОСИИ НАҶОТ АЗ КОРОНАВИРУС АСТ

ПАНҶ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади баргузории корҳои тарғиботӣ ва фаҳмонидани чораҳои пешгирикунандаи паҳншавии бемории сироятии коронавирус COVID-19, риояи гигиенаи шахсӣ, пӯшидани ниқобҳои тиббӣ ва риоя кардани масофаи ҳамдигарӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, аз ҷониби кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ дар ташкилотҳои  ибтидоии ҳизбии  “Ҷамоати шаҳрак” корҳои фаҳмондадиҳӣ роҳандозӣ гардид.

Масъулин  зимни баргузории вохӯрӣ ба сокинон ниқобҳои тиббӣ  ва муроҷиатномаҳои ҲХДТ дар вилояти Хатлонро тақсим намуда,  дар бораи нишонаҳои беморӣ, роҳҳои пешгирии он ба шаҳрвандон маълумотҳо дода, тавсияҳо доданд, ки баҳри ҳифзи саломатии худ ва атрофиён безарурият ва бе ниқобҳои тиббӣ ба кӯча набароянд, хусусан, калонсолон саломатии худро нигоҳ доранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg