КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣӣ. Тай чанд моҳи охир дар тамоми ҷаҳон бемории коронавирус васеъ паҳн гардида, сабаби фавти одамони зиёд гардидааст. Вобаста ба пешгирӣ ва афзоиши ин беморӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Сари ҷар” корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор карда шуд.
Дар ин раванд Насим Саидов мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб зимни баргузории Аксия ба сокинон иттилоъ дод, ки коронавирус барои афзоиши бештар ҳуҷайраҳои қабати болоии узвҳои ҳозима ва нафаскаширо интихоб намудааст. Тартиби афзоиши вирус чунон ноаён аст, ки ба ҳуҷайра танҳо як вирус дохил гардида, фаъолияти онро боз медорад ва супориш медиҳад, ки қисмҳои он тавлид гардида, ҷамъоварӣ карда шаванд. Инчунин, дар идомаи суҳбат оид ба самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаб замин ба иштирокдорон тавсияҳо дода шуд.