БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АЗ КОРОНАВИРУС ЭҲТИЁТ БОШЕД!

А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар якҷоягӣ бо намояндагон аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ корҳои таблиғотиро дар самти муқовимат бо бемории сироятии коронавирус бо аҳолии кӯчаи Замонови Ҷамоати шаҳраки Абдураҳмони Ҷомӣ роҳандозӣ намуданд.

Мулоқоту вохӯриҳо   бо усули “хона ба хона” ба роҳ монда шуда, намояндагон мардумро ба амалу тадбирҳои пешгирикунандаи бемории сироятӣ, аз қабили тоза кардану безаррар гардонидани  хонаҳои истиқоматӣ,  истифодаи ниқобҳои тиббӣ,  маҳлулҳои антисептикӣ ва риояи гигиенаи шахсӣ даъват карданд.

Инчунин, дар рафти вохӯрию мулоқотҳо бо дастгирӣ ва сарпарастии аъзои Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб, роҳбари гурӯҳи вакилии ҳизбӣ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Муминзода Мастура Табарӣ ба аҳолӣ ниқобҳои тиббӣ ва варақаҳои иттилоотии пешгирикунандаи бемории сироятии коронавирус тақсим карда  шуд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg