ДАНҒАРА. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Ҷиҳати пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории сироятии коронавирус бо иштироки Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара корҳои фаҳмондадиҳӣ бо сокинон ва шаҳрвандони ноҳияи Данғара оид ба риояи гигиенаи шахсӣ, тозаву озода нигоҳ доштани муҳити атроф, риояи фосилавии муошират, бе зарурат ба кӯча набаромадан баргузор гардид.
Ба аҳолӣ фаҳмонида шуд, ки пеш аз ба кӯча баромадан бо худ доштани ниқобҳои тиббӣ ва ҳангоми муошират фосиларо нигоҳ доштан ҳатмӣ мебошад. Зимни вохӯриҳо ба сокинон муроҷиатнома ва маводҳои тавсиявӣ тақсим карда шуд.