БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАРОИ ЗУДТАР НЕСТ КАРДАНИ КОВИД-19 САҲМ БОЯД ГУЗОРЕМ

БОХТАР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Таҳти роҳбарии муовини раиси шаҳри Бохтар Абдуназарзода Шоиста гурӯҳи тарғиботӣ оид ба пешгирӣ намудан аз интиқол ва паҳншавии бемории сироятии навъи КОВИД-19 дар маркази шаҳр санҷиш доир гардид.

Дар аввал Абдуназарзода Шоиста бо аъзои гурӯҳи тарғиботӣ дар майдони Нишони давлатӣ вохӯрӣ доир карда, таъкид дошт, ки мақсади дар бегоҳ гузаронидани санҷиши гурӯҳ дар он аст, ки аксари мардум зимни сайру гашт дар боғу гулгаштҳо ҳамоно тавсияҳои мутахассисони соҳаи тибро нодида гирифта, масофаи иҷтимоиро риоя намекунанд ва аз ниқобҳои тиббӣ истифода намебаранд.Моро лозим аст, ки ба сокинон зарурати пӯшидани ниқобҳои тиббӣ ва риояи масофаи иҷтимоиро фаҳмонем. Зеро дар баъзе аз кишварҳои  ҷаҳон бемории мазкур дубора авҷ гирифта истодааст ва барои гирифтани пеши роҳи он дар Тоҷикистон ҳамаи мо бояд талош варзему тамоми тавсияҳои табибонро риоя карда, барои ҳар чи тезтар нест шудани коронавирус дар кишвар саҳми худро гузорем.

Дар идома аъзои гурӯҳи тарғиботӣ дар Боғи Нишон  ва Парчами давлатӣ, гулгашти устод Рудакӣ, Румӣ, Боғи марказӣ, хиёбони Ваҳдат, Айнӣ ва Борабад бо сокинон ҳамсуҳбат гардида, доир ба риояи гигиенаи шахсӣ, истифодаи ниқобҳои тиббӣ ва ғайраро фаҳмонида, ниқобҳои тиббӣ ва варақаҳои иттилоотиро ба шаҳрвандон тақисм намуданд.Гуфтан ба маврид аст, ки гурӯҳи муштараки тарғиботӣ оид ба пешгирии коронавирус дар асоси супориши бевоситаи раиси шаҳри Бохтар Саломзода Сиҷоуддин таъсис ёфта, ба он намояндагони Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар,  ШКВД, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр, волонтёрони ТҶҶ “Созандагони Ватан”, маҳфили “Пайравони Пешвои миллат”, гурӯҳи “Авангард”, кормандони соҳаи тиб, омӯзгорон ва дигар фаъолони шаҳр шомил мебошанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg