БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳифзи манфиатҳои давлату миллат дар зиммаи ҷавонони шуҷоъи Ватан

ЁВОН. Чанде қабл бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  дар ноҳия бо ҷалби аъзои намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар бинои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия фаъолияти якмоҳаи ТҶҶ «Созандагони Ватан» баррасӣ гардида, нақшаҳои минбаъдаи фаъолият тарҳрезӣ карда шуд.

Нахуст, раиси намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан” Бобобеков Хусрав оид ба фаъолияти якмоҳаи моҳи апрели соли равон аз натиҷаи корҳои анҷомнамуда гузориши муфассал пешниҳод намуд.

Сипас, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон Абдуллоева Саёҳат ба аъзои намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан», мудири бахши кор бо занон ва ҷавонон оид ба сазовор истиқбол гирифтани ҷашнҳои 73-солагии Fалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, Рӯзи оила, Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, баргузории корҳои ободонию созандагӣ, аёдати иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ақибгоҳ, тарғиби зиндагии намунаи оилаҳои ҷавон дар ноҳия ва баргузории силсила чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон супоришҳои мушаххас дод.

Дар охири ҷаласа аз ҷониби аъзои намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» пешниҳод карда шуд, ки бахшида ба эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  ҷавонон тавассути қатора ба мавзеъи «Чилучорчашма» сафар намоянд. Таклиф аз ҷониби ҳозирин қабул карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg