ҶАЙҲУН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар ташкилоти ибтидоии «Баҳор» чорабинии таблиғотии ҳизбӣ дар мавзӯъи «Тарғиби риояи қонунҳои миллӣ ва дуруст сафарбар кардани хайру сахо ҳамчун асоси рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва маънавию фарҳангии ҷомеа» бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва таҳлили Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Фарҳод Обидов ва раиси ташкилоти ибтидоии болозикр Нуралӣ Сафаров вохӯрӣ доир гардид.
Зимни баргузории вохӯрӣ Фарҳод Обидов оид ба масъалаи болозикр муфассал суханронӣ намуда, қайд кард, ки мо мардуми хушбахт ҳастем, ки дар оғози солҳои соҳибистиқлолӣ аз имтиҳони сангини таърих гузашта, таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ваҳдати комили миллӣ расидем. Дар ин замина яке аз иқдоми муҳимми роҳбарияти кишвар, ки ба рушди давлат ва мустаҳкам намудани заминаҳои сиёсию иҷтимоии он мусоидат намуд, ин аввалин маротиба дар миқёси собиқ давлатҳои Иттиҳоди Шӯравӣ қабул намудани қонунҳои миллӣ, махсусан Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад.
Агар ба ҳикмат ва мантиқи таърихи қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» каме тафаккур кунем, ҳаёти муназзами имрӯзаи худро бе он тасаввур карда наметавонем.
Дар фарҷом баъди посух гирифтан ба суолҳояшон, аҳли толор пешниҳод намуданд, ки чунин мулоқоту вохӯриҳои ҳизбӣ пайваста доир карда шаванд.