Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Санаи 11 июли соли ҷорӣ бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба истиқболи ҷашни сазовори 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ аз ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар маркази Ҷамоати шаҳраки Балх як қатор корҳои ободониву созандагӣ дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя месозем!” баргузор карда шуда, иштирокдорон бо масъулияти баланди ватандӯстона дар тозаву озода кардани гирду атрофи маркази Ҷамоати шаҳраки мазкур саҳми арзандаи хешро гузоштанд, ки чунин корҳои ободонӣ ба ҳусни маркази ноҳия симои дигарро зам намуд.