Баробари барқарор гардидани сулҳу субот дар ҷомеа мо имкон пайдо кардем, ки таҳрезиву татбиқи нақшҳои муҳимтарини иқтисодиву иҷтимоиро бо мақсади таъмин намудани истиқлолияти энергетиеӣ, аз бумбасти коммуникатсионӣ раҳонидани кишвар, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар оғоз кардани чорабиниҳои муҳими сиёсиву фарҳангиро дар фазои озоду демократӣ баргузор намоем. Эмомалӣ Раҳмон
АНДЕША. 27-уми июн аз ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ 23 сол пур шуд. Агар ин 23 сол дар назди таърих наонқадар соли зиёд бошад, аммо кишвари мо мутассифона, шахсони асилу ватандӯст ва ҷавонони қавииродаро аз даст дод. Ҳарчанд, ки имрӯз онҳо дар паҳлуи мо нестанд, аммо ёди онҳо ҳамеша бо мост ва номашон ҳамеша ба неки ёд мешавад. Шоирону нависандагони мо дар васфи сулҳ шеърҳо эҷод карда, меҳру муҳаббати худро бо қалам ба Ватан нишон додаанд. Хусусан, шоири зиндаёд Боқӣ Раҳимзода хуб гуфтааст:
Баҳри олам сулҳ даркор аст, сулҳ,
Насли одамро нигаҳдор аст сулҳ.
Чун шифои ҷони бемор аст, сулҳ,
Модаронро бахти бедор аст сулҳ.
Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро маҳз Сарвари оқилу донои мо – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарӣ намуда, маҳз ҳанӯз дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта буданд, ки «Ман ба шумо сулҳ меорам!» ва шахсони дар Иҷлосия иштирокдошта боварӣ надоштанд, ки кишвари мо дубора ба сулҳу салоҳ мерасад. Ҳамин тавр Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 8 маротиба бо роҳбари мухолифони тоҷик Саид Абдулло Нурӣ вохӯрӣ гузаронида, билохира 27-июни соли 1997 дар шаҳри Москва созишнома ба имзо расид.
Мардуми тоҷик ҳеҷ гоҳ заҳматҳои Сарвари давлатро, ки 9-сентябри соли 1991 истиқлолиятро ба даст овардем, моҳи май соли 1993 аввалин қатораҳои гурезаҳои тоҷикро аз хоки Ҷумҳурии исломии Афғонистон вориди Ватан карданд, ё худ ба бо имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки аз самараи он дар Тоҷикистон сулҳу ваҳдат пойдор гардид, фаромӯш намесозад. Халқи тоҷик дар пӯсту устухони хеш ҳис карданд, ки сулҳу салоҳ барояшон чигуна ба даст омадааст ва онро ҳамеша бо арзиши ҷону тан ҳимоя хоҳанд кард.
Дар фарҷом ба тамоми ҷавонони Тоҷикистон гуфтаниам, ки мо бояд пайваста донишҳои худро дар самтҳо мустаҳкам созем ба бархе аз хоинону ватанфурӯшон, ки имрӯзҳо тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ҳаргуна иғвову дассисаҳоро истифода бурда, барои мардуми моро ба ҷангу куштор талқин карданианд, дода нашаваем ва ҳамеша атрофи Пешвои миллат сарҷамъ шуда, чун сипар ин ваҳдату ягонагиро нигаҳдор ва танҳо барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум нерӯи тавонои худро равона созем.
Каримов Муҳаммадҷон, курсанти Коллеҷи милитсияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон қатори милитсия