Ш.ШОҲИН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар ҳамкорӣ бо табибон, кормандони соҳаи тандурустӣ барои саломатии мардум бо усули «хона ба хона» ба сокинон тавсияҳои муфид дода, ба онҳо варақаҳои тавсиявиро низ тақсим намуданд. Зимни суҳбат таъкид доштанд, ки саломатии ҳар шахс дар дасти худи ӯст ва мо бояд барои саломатии худ ва наздиконамон кӯшиш намоем, то ин ки ба ин беморӣ гирифтор нашавем.