БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ШАШМОҲАИ АВВАЛИ СОЛИ 2020

ҶАЙҲУН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар бинои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун Маҷлиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб оид ба фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар давраи нимсолаи аввали соли 2020 баргузор гардид.

Дар рафти маҷлис узви ҲХДТ,  вакили  Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Собирзода Диловаршо ва аъзои Кумитаи иҷроия иштирок доштанд.

Маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун таҳти раёсати Собирзода Диловаршо доир гардида, дар рӯзномаи он ду масъала баррасӣ карда шуданд. Вобаста ба масъалаи аввали маҷлис дар бораи фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия дар нимсолаи аввали соли 2020 муовини раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизбӣ Сабурзода Насим гузориш дод.

Баъдан ҳайати  ситоди ноҳиявӣ оид ба ташкили обуна ба нашрияҳои ҳизбии «Минбари халқ» ва «Ҳамрози халқ» ва нақша - супориши обуна ба нашрияҳои номбурда барои соли 2021-ро  тасдиқ карданд.

Нисбати масъалаи дуюми маҷлис оид ба ташкили обуна ба нашрияҳои ҳизбии «Минбари халқ» ва «Ҳамрози халқ» ва нақша - супориш барои соли 2021 Сабурзода Насим муфассал суханронӣ намуда, иброз дошт, ки бо мақсади дар сатҳи баланди сиёсию ташкилӣ баргузор ва ҷамъбаст кардани маъракаи обуна ба нашрияҳои ҳизбӣ Ситоди ноҳиявӣ таъсис дода шудааст ва моро зарур аст  дар татбиқи ин масъалаи муҳим ҷиддӣ муносибат намоем. Дар охир дар асоси гузориш ва масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg