БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАҶЛИСИ ВАСЕИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРИ НОРАК БАРГУЗОР ГАРДИД

НОРАК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар асоси дастуру супоришҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак   бо аъзои Кумитаи иҷроияи ҳизби шаҳрӣ ва раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ доир гардид.

Маҷлисро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар  шаҳр Қумриниссо Гулмуродзода ифтитоҳ бахшида, ҳозиринро бо рӯзномаи маҷлис ошно намуда, оид ба ҷамъбасти фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Норак дар шаш моҳи аввали соли 2020 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда Қумриниссо Гулмуродзода ҳисобот дода, суханро аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ, Президенти кишвар кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми соҳибистиқлолу ваҳдатсаро оғоз намуда, дастовардҳои аъзо ва ҷонибдорони Кумитаи иҷроия ҲХДТ дар  шаҳри Норакро дар тӯли шаш моҳи аввали  соли ҷорӣ пешниҳод нумуданд.

Сипас, масъалаҳои дигари рӯзномаи маҷлис мавриди баррасӣ қарор дода шуда, аз рӯи онҳо қарорҳои дахлдори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак қабул карда шуданд. Масъалаҳои пешниҳодгардидаи маҷлис ҳаллу фасл гардида, баҳри иҷрои саривақтии онҳо ба раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дастурҳо дода шуд.         

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg