БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АЗ ИШТИРОК ДАР ҶОЙҲОИ СЕРОДАМ ХУДДОРӢ НАМОЕД!

ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар деҳаи Навободи Ҷамоати деҳоти Ваҳдати шаҳри Левакант  вохӯрӣ бо усули “хона ба хона” бо истиқоматкунандагон доир намуданд.

Дар рафти чорабинии мазкур ба сокинон варақаҳои иттилоотӣ дастрас гардида, таъкид карда шуд, ки беҳуда ва безарурат ба кӯчаҳо набаромада дар хона бимонанд. Аз ҷойҳои серодам бе ниқоби тиббӣ иштирок накунанд ва гигиенаи шахсиро  қатъиян риоя намоянд.

Ҳамзамон, зимни баргузории чорабинии мазкур ба сокинон таъкид гардид, ки барои пешгирии паҳншавии COVID-19 чораҳои гигиенаи шахсиро риоя намуда, аз ниқобҳои муҳофизатӣ истифода баранд. То ба эътидол омадани вазъият аз даъвати дӯстон ва хешовандон аз шаҳру ноҳияҳои дигар худдорӣ намуда, саломатии худ ва наздиконашонро ҳимоя намоянд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg