КӮЛОБ. Дар доираи Аксияи ҳизбии “Солимии миллат-бақои давлат!” Вобаста ба иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣ оид ба корҳои ободонию созандагӣ ва ҷиҳати риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ бо мақсади пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар деҳаю маҳаллаҳои ҳудуди шаҳр корҳои фаҳмондадиҳиро ҷоннок карда истодаанд.
Дар ин замина Умар Саидов мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб ба деҳаи Кушониёни Ҷамоати Даҳанаи шаҳри Кӯлоб рафта, бо шаҳрвандон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронид. Дар идомаи корҳои фаҳмондадиҳӣ Умар Саидов аз сокинон дават ба амал овард, ки тавсияҳои табибонро риоя намоянд.
Зимни баргузории ин Аксия ба аҳолӣ беш аз 200 адад варақаҳои иттилоотию ниқобҳои муҳофизатӣ дастрас карда шуд.