КӮЛОБ. Дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя месозем!”. Давоми чанд рӯзи охир дар тамоми муассисаҳои таълимии шаҳри Кӯлоб корҳои созандагиву ободонӣ аз ҷониби масъулин, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ амалӣ шуда истодааст.
Дар ҳамин замина барои шароити хуби хониш фароҳам овардани наврасон масъулини муассисаи томактабии №5-и Ҷамоати деҳоти Даҳанаи шаҳри Кӯлоб дар якҷоягӣ бо Ассотсиатсияи падару модарон корҳои таъмириро ташкил намуда, ҳамаҷониба ба соли нави хониш омодагӣ мебинанд.
Бояд гуфт, ки чунин иқдоми созанда дар дигар муассисаҳои таълимии шаҳр низ вусъати тоза касб кардааст.