ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади пешгирӣ намудани бемории сироятии коронавирус, ки имрӯз ҷомеаи моро низ ба ташвиш овардааст, субҳи дирӯз гурӯҳи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён дар якҷоягӣ ба маҳалаҳои Ҷамоати шаҳраки Қубодиён ноҳияи Қубодиён корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор намуданд.
Дар вохӯрии мазкур масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён бо аҳолии маҳал вохӯрда, роҳҳои гузариши бемории коронавирус COVID-19 ва роҳҳои пешгирӣ аз он маълумот дода, аз шаҳрвандон хоҳиш карданд, қоидаҳои тозагии хонаву таҷҳизотҳои рӯзгордорӣ қатъиян риоя карда шавад. Барои бештар маълумот пайдо намудани бемории коронавирус ба сокинон маводҳои таблиғотӣ дар шакли буклетҳо ва ниқобҳои ҳифзкунанда тақсим карда шуданд. Ҳамчунин, дар рафти вохӯриҳои баргузоргадида оид ба истифодаи самараноки қитъаҳои замини наздиҳавлигии шаҳрвандон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд.