ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Доир ба самаранок истифода кардани заминҳои наздиҳавлигӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии короновирус бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар деҳаи Шобикаи Ҷамоати деҳоти Тугарак бо усули “хона ба хона” мулоқот гузаронида шуд.
Мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Иботов Диловар ба сокинон доир ба масъалаҳои дар болозикргардида суханронӣ намуда, иброз дошт, ки ҳар яки мо бояд дастаҷаъмона бар зидди бемории коронавирус мубориза бурда, бо кишт намудани якчанд ҳосил ва аз он гирифтани ҳосили дилхоҳ, ки ба баланд бардоштани иқтисодиёт ва шароити хуби зиндагӣ мусоидат менамояд, саҳм гузорем.