ХУРОСОН. Тибқи ҷадвали тасдикгардидаи баргузории вохӯриву мулоқот дар корхона, муассиса, ташкилот ва деҳаю маҳаллаҳои ноҳияи Хуросон ин навбат бо иштироки муовини раис-мудири шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Азизова Сабоҳат, мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроия Подшоқулов Парвиз ва дигар шахсони расмӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Лола» боғчаи-№1 вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ масъулин оид ба сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ҳадафҳои барномавии ҳизб, ҷоннок намудани кору фаъолияти ҳизбӣ дар ташкилоти ибтидоӣ, пурзӯр кардани кору фаъолияти гурӯҳҳои таблиғотиву ташвиқотӣ, инчунин дар самти шарҳу тавзеҳ ва татбиқи Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мавзӯъҳои мубрами рӯз суханронӣ намуданд.
Баъд аз баргузории вохӯрӣ масъулин бо тарзи ҳуҷҷатгузорӣ, насби шиору овезаҳои ҳизбии ташкилоти ибтидоии мазкур шинос гардида, оид ба бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ба онҳо тавсияҳои судманд доданд.