БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РИОЯИ МАСОФАИ ТО ДУ МЕТР АЗ ҲАМДИГАР ҲАТМИСТ

ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади пешгирӣ ва муқовимат бо бемории сироятии коронавирус масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар деҳаи Восеободи калони Ҷамоати деҳоти ба номи Абдӣ Авазов бо усули “хона ба хона” корҳои ташвиқотию тарғиботиро роҳандозӣ намуданд.

Масъулин ба сокинон ҷиҳати риояи қатъии гигиенаи шахсӣ, риояи масофаи то ду метр аз ҳамдигар, истифодаи ниқоб ҳангоми баромадан аз хона, мунтазам истифодаи маҳлулҳои антисептикӣ ва шустани дастон бо собун, бо истифода аз маводҳои махсуси безараргардонии манзили истиқоматӣ ва ҳавлиҳо тавсияву маслиҳатҳои муҳим доданд. Сипас, варақаҳои таблиғотии ҳизбӣ вобаста ба риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ба хотири пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус тақсим карда шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg