ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба самаранок истифода кардани заминҳои наздиҳавлигӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавирус бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар деҳаи Гулободи Ҷамоати деҳоти ба номи Абдӣ Авазов бо усули “хона ба хона” вохӯриву суҳбатҳо доир гардид.
Зимни суӽбат масъулин қайд кард, ки барои таъмини зиндагии шоиста аз заминҳои наздиҳавлигии худ ва хоҷагиҳои ёрирасон самаранок истифода намуда, кишту корӣ зироатҳоро ба роҳ монанд ва ҳосили фаровон ба даст оранд, наздикони худ ва дигаронро аз маводи озуқаворӣ таъмин созанд.
Инчунин, ба сокинон оид ба пешгирӣ аз ин беморӣ коронавирус (COVID-19) варақаҳои иттилоотӣ дастрас карда шуд.