БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БА ҚОИДАҲОИ БЕҲДОШТ, ИСТИФОДАИ ДУРУСТИ ЗАМИН ЭЪТИБОРИ МАХСУС ДОДАН ЛОЗИМ АСТ!

Ҷ.БАЛХӢ. дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади пешгирии бемории коронавирус ва оқилона истифодабарии қитъаи замин дар Ҷамоати деҳоти Маданият бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо усули “хона ба хона” вохӯрӣ доир гардид.

Инчунин, ҷиҳати истифодаи самараноки қитъаи замин ва хоҷагиҳои деҳқонию фермерӣ аз деҳаи Панҷсолаи Ҷамоати деҳоти Маданият дидан намуда, бо сокинони маҳал оид ба масъалаҳои кишти саривақтӣ,ҳосилнок намудани кишти зироатҳо ва риояи амалҳо ҷиҳати пешгирии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла оид ба мубориза ва пешгирии бемории сироятии коронавирус суҳбату вохӯриҳо гузарониданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg