БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАВОНОН – ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

                                                          Насли ҷавони миллатем,

                                            Рӯҳу равони миллатем,

                                            Шуҳратфизои миллатем,

                                            Бо Пешвои миллатем!

 

Таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқеи ҷавонон дар ҷомеа ба мартабаи баланд расида, ҷалби онҳо ба корҳои ҷамъиятиву идоракунӣ ва пешрафту ободии мамлакат бештар гашт. Имрӯзҳо дар тамоми корхонаҳову идораҳои давлатӣ ва корҳои муҳими ҷамъиятӣ ҷавонон нақши бузург дошта, дар рушди соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат саҳми арзанда мегузоранд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ, ки 22 декабри соли 2016 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардида буд, гуфта буданд: “Аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, неруи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса, ояндаи миллат ва давлат мебошанд”.

Маҳз таваҷҷуҳу ғамхориҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллат ба ҷавонон аст, ки дар замони соҳибистиқлолӣ нақши ин қишри фаъоли ҷамъият зина ба зина боло рафта, ҳамасола 23-юми май ҳамчун Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.  

 Дар Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ҳамагӣ 19 корманд кору фаъолият мекунанд, ки аксариятро ҷавонон ташкил менамоянд. Ин боиси ифтихори мо- ҷавонон ва ғамхории Пешвои миллат аст, ки дар чунин ташкилотҳои бонуфузи сиёсӣ ва сохторҳои давлатӣ кору фаъолият карда истодаем.

Қобили зикр аст, ки дар самти корҳои ҷамъиятӣ низ ҷавонон саҳми арзанда доранд. Дар гурӯҳи волонтёрони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ҷавонони фаъол ҷамъ омада, дар хизмати ҷомеа мебошанд. Бахусус, тариқи ҳашар ба сокинони осебдидаи ноҳияи Хуросон давоми як моҳ кумак расониданд.  

Тавре Сарвари давлат, Пешвои муаззами миллат зикр намуданд, “Мо бо ҷавонони созандаи худ ифтихор мекунем. Чунки ҷавонони даврони соҳибистиқлолии ватанамон имрӯз бо нангу номуси миллӣ, ташаббусҳои шоиста ва эҳсоси баланди ватандорӣ дар рушди Тоҷикистони азиз ҳиссаи арзишманд мегузоранд ва ба модар – ватани  худ содиқона хизмат мекунанд”.

Мо-ҷавонон ифтихору сарбаландӣ аз он дорем, ки сазовори боварии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гардидаем ва кӯшиш мекунем, ки дар ҷавоб хизматҳои арзанда анҷом диҳем.

Ин нуктаҳо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ, рӯҳияи озодихоҳӣ, ватанпарастӣ, ифтихори миллии мо – ҷавонони саодатманди диёрро баланд бардошта, бори дигар водор месозад, то ин ки ба қадри неъматҳои бебаҳо, ба мисли Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ, Ватани ободу ором ва арзишҳои фарҳангии хеш бирасем.

Алишер Холов, мутахассис – таҳлилгари маводҳои иттилоотии КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg