БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХУД ВА НАЗДИКОНАТОНРО ЭҲТИЁТ КУНЕД!

ФАРХОР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.  Бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавируси COVID-19 ва истифодаи самараноки қитъаҳои заминҳои наздиҳавлигӣ кормандони  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор корҳои фаҳмонидадиҳиро дар деҳаи Фирӯзи Ҷамоати 20 -солагии Истиқлолияти Тоҷикистон бо усули «хона ба хона» ба роҳ монданд.

Масъулин оид ба пешгирии бемории мазкур бо сокинони деҳа суҳбат намуда, қайд карданд, ки ҳангоми ба ҳайвонҳои хонагӣ наздик шудан аз дастпӯшакҳои яккарата истифода бурда, баъди анҷоми кор дастонро бо собун ва маҳлулҳои безараргардонӣ шӯянд ва таъкид карданд, ки худ ва наздиконашонро эҳтиёт кунанд. Инчунин, аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор ба сокинон маводҳои таблиғотӣ, ниқоб, дастпӯшакҳои тиббӣ ва маводҳои безараргардонӣ тақсим карда шуданд.

Ҳамзамон, оид ба самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ, ки истифодабариашон дар шароити имрӯза зарур ба шумор меравад, маслиҳатҳои муфид дода  шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg