БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МУҚОВИМАТИ ДАСТАҶАМЪОНА БАР ЗИДДИ БЕМОРИИ СИРОЯТИИ КОРОНАВИРУС

А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Гурӯҳи кории таблиғотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар якҷоягӣ бо намояндагон аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ корҳои фаҳмондадиҳиро дар самти муқовимат бо бемории сироятии коронавирус бо аҳолии кӯчаи Муҳаммадиеви Ҷамоати шаҳраки Абдураҳмони Ҷомӣ роҳандозӣ намуданд.

Мулоқотҳо  бо усули “хона ба хона” ба роҳ монда шуда, намояндагон мардумро ба амалу тадбирҳои пешгирикунандаи бемории сироятӣ, аз қабили тозаю озода нигоҳ доштан ва безараргардонии манзили зист,  риояи ҳамаи қоидаҳои беҳдоштӣ ва нигоҳ доштани тарзи ҳаёти солим даъват намуданд.

Ҳамзамон,  дар рафти вохӯрию мулоқотҳо бо дастгирӣ ва сарпарастии аъзои Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб, роҳбари гурӯҳи вакилии ҳизбӣ дар Маҷлиси маҳаллии вакилони халқи ноҳия  Муминзода Мастура Табарӣ ба аҳолӣ ниқобҳои тиббӣ ва варақаҳои иттилоотии пешгирикунандаи бемории сироятии коронавирус дастрас карда шуданд.  

 

                

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg