ДАНҒАРА. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади пешгирӣ намудани ҳамагуна бемориҳои сироятӣ, кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара бо усули “хона ба хона” дар деҳаи Файзбахши Ҷамоати деҳоти Оқсу корҳои оммафаҳмониро миёни сокинон баргузор карданд.
Дар ҷараёни суҳбат масъулин оид ба пешгирии хатари коронавирус ва роҳҳои сироятёбии он андешаронӣ карда, қайд намуданд, ки гарчанде коҳишёбии ин беморӣ ба назар расида истода бошад ҳам, набояд мо шаҳрвандон беаҳамиятӣ зоҳир намоем, балки барои ҳарчи зудтар раҳоӣ ёфтан аз ин бемории хатарнок аз қоидаҳои беҳдошти саломатӣ дар зиндагии ҳаррӯзаамон истифода барем.