БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАРОИ МУҲОФИЗАТ АЗ КОРОНАВИРУС ИСТИФОДАИ НИҚОБ ҲАТМИСТ

ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Вохӯрии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар ташкилоти ибтидоии “Ҷамъияти матлубот”-и деҳаи Меҳнатободи Ҷамоати деҳоти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ оид ба  пешгирӣ аз хавфу хатари коронавирус доир гардид.

Дар чорабинии мазкур масъулин барои боз ҳам баланд бардоштани савияи дониши шаҳрвандон, аз ҷумла риояи гигиенаи шахсӣ маслиҳатҳо дода, сарчашмаҳои пайдоиш, роҳҳои гузариш ва роҳҳои пешгирӣ аз коронавирусро ба дарки ҳамагон расониданд. Пайваста таъкид мекунанд, ки то аз байн рафтани  хатари бемории сироятии коронавирус ҳамагон бояд зимни салом кардан аз якдигар ва аз иштирок дар ҷойҳои ҷамъиятӣ худдорӣ намоянд. Ҳамчунин, ба сокинон ниқобҳои муҳофизатӣ ва варақаҳои таблиғотӣ тақсим карда шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg