ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба самаранок истифода кардани заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ, инчунин пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии короновирус бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар деҳаи Кадучии Ҷамоати деҳоти ба номи М.Вайсов мулоқот доир карда шуд.
Тоиров Хуршед мутахассиси шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ аз заминҳои корами кишоварзони деҳаи Кадучӣ дидан намуда, ба истифодабарандагони замин тавсия дод, ки нигоҳубини зироатҳоро хуб ба роҳ монда, ҳосилро сари вақт ҷамъоварӣ намоянд. Деҳқонон низ дар навбати худ ваъда доданд, ки баъди бардоштани ҳосил, боз ба коркарди замин машғул шуда, ба ин васила ният доранд бозорҳои дохилиро бо маҳсулоти тару тоза таъмин намоянд.