БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТЕРРОРИЗМУ ЭКСТРЕМИЗМ МУБОРИЗАИ ДАСТАҶАМЪОНАРО ТАЛАБ МЕНАМОЯД

ВОКУНИШ. Ҷаҳони имрӯзаро ифротгароию тундгароӣ фаро гирифтааст ва ҳамарӯза дар ин ё он гӯшаи дунё амалҳои террористӣ - экстреместӣ анҷом дода мешаванд, ки садҳо одамони бегуноҳ – кӯдакон, занон ва мӯйсафедон кушта ва ярадор мегарданд.  Ҳоло  терроризм ва экстремизм ба як ҳодисаи даҳшатбор табдил ёфтааст, ки ба тамоми давлатҳои дунё таҳдид менамояд.  Дар чанд соли охир дар бештар аз сад давлати дунё рӯй додани амалҳои террористӣ ин гуфтаро тасдиқ менамояд.    Дар натиҷаи амалҳои террористӣ ҳазорҳо ҳазор одамон кушта ва садҳо ҳазор дигар бехонумон гаштаанд. 

Террористон барои ноил шудан ба мақсади нопоки худ аз боварии мардум, калавиши ҷавонон, омилҳои динию мазҳабӣ, зиддияти байни давлатҳою қавму миллатҳо ва дигарҳо хеле макорона ва ҳиллагарона истифода менамоянд.    Махсусан ҷалби ҷавонони ноогоҳ, бесавод ва зудбовар ба равияҳои террористӣ хеле хавфнок аст. Чунин ашхос, мутаассифона, дар байни ҷавонони мо ҳам дида мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ дар мубориза ба муқобили терроризму экстремизм мавқеи  махсусро ишғол менамояд. Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -  Презиенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойтахти кишвар - шаҳри Душанбе доир намудани ду конфренсияи сатҳи байналмилалӣ оид ба муқовимат бо терроризму экстремизм далели сиёсатӣ сулҳҷӯёна ва инсондӯстонаи давлати Тоҷикистон ва Президенти кишвар мебошад. Мубориза бо терроризму эктремизм вазифаи ҳар як фарди ҷумҳурист.   Мо, сокинони мамлакатро мебояд, ки барои пойдории сулҳу ваҳдат, ягонагӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ пайваста кӯшиш ба харҷ диҳем.    Танҳо дар натиҷаи муборизаи дастаҷамъона мо ба терроризму экстремизм ғолиб баромада метавонем.

Қудратулло Мунисов, аъзои гурӯҳи таҳлилии назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ховалинг

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg