БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАР РИОЯИ ТАЛАБОТИ ҚОИДАҲОИ БЕҲДОШТӢ ҲАМА МАСЪУЛЕМ

Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар кӯчаю хонаҳои истиқоматии ноҳия Аксияи тарғиботӣ таҳти унвони “хона ба хона” ташкил карда шуд.

Нахуст, Содиқова Меҳрубону  муовини раиси Кумитаи иҷроия оид ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ибрози андеша намуда, таъкид дошт, ки имрӯзҳо ҷомеаи ҷаҳониро бемории сироятии Covid -19 ба ташвиш овардааст,  ба ҳар гуна овозаҳои беасос бовар накарда, шустани дастон бо маҳлулҳои антисептикӣ ва собун, тозагии муҳити зист, истеъмоли оби ошомидании ҷӯшонидашуда, саривақт муроҷиат намудан ба духтури оилавӣ ҳангоми бад шудани вазъи саломатӣ ва роҳ надодан ба худмуолиҷакунӣ аз ҷумлаи тадбирҳои пешгирии ҳама гуна бемориҳои сироятӣ мебошад.

Мавсуф дар идомаи суҳбат  зикр намуд, ки шарти асосии пешгирии ин беморӣ риояи қоидаҳои санитарӣ, тозагии манзили зист, гирду атроф ва аз ҳамдигар дар масофаи ду метр дур муошират намудан, бо даст салом накардан ва ғайра мебошад. Дар охир иштирокчиён доир ба хавфи коронавирус ба аҳолии Тоҷикистон ва роҳҳои пешгирӣ азон саволҳо дода, аз ҷониби масъули ҳизбӣ ҷавобҳои саҳеҳ гирифтанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg