БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НАТИҶАГИРӢ АЗ КОРИ ШАШМОҲАИ ҲИЗБ ВА ОЗМУНИ КУМИТАҲОИ ФАЪОЛ

ВИЛОЯТ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон таҳти раисии Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода, раиси Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб баргузор гашт. Аъзои раёсати Кумитаи иҷроияи вилоятӣ, раисони Кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар кори он иштирок карданд. 

Ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар нимсолаи аввали соли 2020 ва вазифаҳо барои оянда, шунидани ҳисоботи раисони Кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Вахш, Норак ва Темурмалик аз рӯйи натиҷаҳои фаъолият, таъсиси ситоди обуна ба ҳафтаномаҳои ҳизбии “Минбари халқ” ва “Ҳамрози халқ” барои соли 2021,  тасдиқи фармоишҳои раиси Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб аз масъалаҳои асосии рӯзномаи ҷаласа буданд.

Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, доктори илмҳои сиёсӣ Қиёмиддин Миралиён аз ҷумла зикр кард, ки вилояти Хатлон аз калонтарин воҳидҳои маъмурии мамлакат ва ҳамзамон, сераҳолӣ буда, тамоми муносибатҳо масъулият ва иқтидори мувофиқро тақозо мекунад. “Зимнан, ҲХДТ дар вилоят ҷонибдори зиёд дошта, дар роҳи дастёбӣ ба ҳадафи идеологӣ – фароҳам овардани шароитҳо барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум пайваста тадбирҳои созандаи хусусияти сиёсӣ, иҷтимоӣ, маънавӣ ва иқтисодидоштаро амалӣ гардонида истодааст. Ба гунаи мисол, ба ҳолати имрӯза дар миқёси ҷумҳурӣ 37 дарсади аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (185 ҳазору 247 нафар) ба вилояти Хатлон рост меояд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,1 фисад афзоиш ёфтааст. Дар вилоят динамикаи аъзогӣ ба ҲХДТ раванди устувор дошта, дар панҷ соли охир он 16,3 фисад афзоиш ёфтааст. Аз ҷиҳати таносуб миёни солҳои 2015-2016 ва 2017-2018 ҷаҳиш ба назар мерасад, ки он сабабҳои хос дорад. Сохторҳои ҳизбӣ дар вилояти Хатлон дар масъалаи татбиқи сиёсати гендерӣ ва оила фаъолияташонро мувофиқи мақсад ба роҳ монда, мароми асосиашон зиёд кардани сафи аъзои ҳизб аз ҳисоби занон ва андешидани чораҳо баҳри такмили маърифати сиёсии онҳо мебошад. Имрӯз 45,4 дарсади (84 ҳазору 70 нафар) аъзои ҳизбро занон ташкил медиҳанд, ки дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта 1,7 фисад афзоиш ёфтааст. Бо назардошти талаботи сиёсати демографии мамлакат тасмим гирифта шудааст, ки ин нишондод то 50 дарсад афзоиш дода шавад”, -афзуд Қ. Абдусалимзода.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилоят ба раисони кумитаҳои ҳизбии шаҳру навоҳии вилоят дастур доданд, ки корро дар ин самт ҷоннок намоянд.  

Баъдан, ҳисоботи раисони Кумитаҳои иҷроияи ҳизбии шаҳрҳои Бохтару Норак ва ноҳияҳои Вахшу Темурмалик шунида шуд.

Чунончи, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Неъматулло Иброҳимзода гуфт, ки кормандон дар шаш моҳи гузашта корҳои оммафаҳмониро баҳри пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус густариш дода, дар самти рушди маҳал дар чанде аз деҳаҳои шаҳр корҳои сангфаршкунию созандагиро анҷом додаанд.

Бо дахл ба масъалаи ташкили обуна ба нашрияҳои ҳизбии «Минбари халқ» ва «Ҳамрози халқ» барои соли 2021 қайд шуд, ки маблағи обунаи нашрияи марказии ҲХДТ – «Минбари халқ» барои як шумора дар як сол 100 сомонӣ ва нашрияи вилоятии ҳизб – “Ҳамрози халқ” имсол низ бе тағйир боқӣ монда, 60 сомониро ташкил медиҳад.

Масъалаи чорум тасдиқи фармоишҳои раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон оид ба таъйиноти кадрӣ буд. Зикр шуд, ки бо розигии муовини якуми Раиси ҲХДТ Абдуҷаббор Азизӣ ва фармоиши Қ. Миралиён, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, номзадии Қурбонгул Раҷабзода ба вазифаи мудири шуъбаи кор бо занон ва Беҳрӯз Бобоев ба вазифаи мудири шуъбаи кор бо ҷавонони кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб пешбарӣ карда мешавад. Аъзои раёсат пас аз донистани малака ва собиқаи кории номзадҳо барои ишғоли мансабҳои зикршуда аз ҷониби онҳо қарори дахлдор қабул карданд.

Самти дигари кори ҷаласа ҷанбаи ҳавасмандсозӣ дошт. Зикр гардид, ки чанде пеш бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон байни кумитаҳои иҷроияи ҳизбии шаҳру навоҳии вилоят баҳри тақвият бахшидани фаъолият дар пешбурди корҳои оммафаҳмонӣ ба хотири пешгирӣ аз коронавирус ва истифодаи самараноки ҳар як ваҷаб замин озмун доир карда шуд. Аз рӯйи натиҷаҳои моҳи май Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб  ҷойи аввал, ноҳияи Ховалинг ҷойи дуюм ва шаҳри Норак мақоми 3-юмро ишғол карданд. Дар моҳи июн ҳизбиёни шаҳри Бохтар ғолиби ҷойи якум, Кӯлоб соҳиби ҷойи дуюм ва ноҳияи Панҷ ғолиби ҷойи сеюм гаштанд. Қиёмиддин Миралиён ба ғолибон мутаносибан 1000, 750 ва 500 сомонӣ мукофоти пулӣ ва ҳамзамон, дипломи тасдиқкунандаи мақоми ғолибият тақдим карда, ба раисони кумитаҳои иҷроияи ҳизбӣ барои фаъолияти пурсамар дар замони пурташвиши пандемияи коронавирус миннатдории амиқ баён кард. Дар интиҳои ҷаласа Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ба иштирокдорон чунин таъкид кард:  “Моро месазад, ки корро дар ҳама самтҳои афзалиятнок нисбат ба шашмоҳаи гузашта боз ҳам беҳтар ба роҳ монем ва бо аҳолӣ алоқаи зич дошта бошем, то ин ки онҳо дар ин рӯзҳои ҳассос худро амну озод эҳсос кунанд. Кумаки аз нигоҳи иқтисодӣ ночизи хешро ба барҷомондагону корафтодагон расонем”.

Шуъбаи иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg